ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ — ИНТИХОБИ МО! Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи нави рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 12.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 декабри соли сипаригардида Барномаи нави давлатии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ намуд. Барномаи мазкур шурӯъ аз январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифт.
Барнома, ки дар ихтиёри АМИТ «Ховар» қарор дорад, баҳри рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, намудҳои гуногуни варзиш ва таъсиси шароити варзишӣ таҳия гардида, идомаи мантиқии «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» мебошад.
Варзиш яке аз воситаи беҳтарини таҳкими дӯстӣ миёни инсонҳо ва кишварҳои чаҳон буда, чун омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқияту миллатҳо, инчунин кишварҳои гуногуни чаҳон хизмат мекунад.
Ба ин хотир соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, омодасозии варзишгарони касбии тоҷик ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Варзиши муосир дар ҷаҳон рушди бемайлон дошта, ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус ба омода намудани мутахассисони дорои усулҳои нави корӣ зоҳир мегардад. Дар айни замон варзиши тоҷик норасоии мутахассисони баландихтисосро эҳсос менамояд. Дар ҷумҳурӣ норасоии мутахассисон, аз ҷумла равоншиносони варзишӣ эҳсос мегардад ва хизматрасони тиббии варзишӣ тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст. Диспансерҳои миллии варзишии тиббӣ амал намекунанд. Ҳарчанд ки дар минтақаҳо ва пойтахт марказҳои диспансерӣ фаъолият дошта бошанд ҳам, онҳо ба талаботи тибби варзишии муосир ҷавобгӯ нестанд, зеро бо мутахассисон-табибони варзишӣ таъмин нашудаанд.
Дар баробари ин, мушкилот дар самти боз ҳам беҳтар кардани инфрасохтор ва пойгоҳи моддию техникии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дастрас набудани иншооти варзишӣ, аз ҷумла, иншооти хусусии варзишӣ ба табақаи миёнаи аҳолӣ, таҳияи мушкилӣ дар барномаҳои таълимии тарбияи ҷисмонӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии касбӣ, норасоии лавозимоти варзишӣ дар муассисаҳои варзишӣ, ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, маҳалҳо, ҷойҳои истироҳатӣ ва ғайра то ҳанӯз эҳсос мегарданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои амалигардонии барнома гарчанде маблағҳои пешбинишуда аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо гардида бошанд ҳам, дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо барномаҳои маҳаллӣ қабул гардида, ҷиҳати амалисозии онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маблағҳо ҷудо нагардидаанд, аз ин рӯ иҷрои босифати барнома дар сатҳи маҳал таъмин намегардад.
Биинобар ин рушди минбаъдаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш андешидани тадбирҳои иловагӣ ва маҷмӯиро тақозо мекунад.
Тибқи қабули барномаи нави давлатӣ афзоиши шумораи шаҳрвандоне, ки ба таври тартибӣ ба варзиши ҷисмонӣ машғуланд, дар назар аст. Инфрасохторҳои варзишӣ дар кишвар дар ҳоли рушд қарор дошта, шумораи онҳо ба 10 218 адад расидааст. Дар ҳамин ҳол шумораи зиёди насли наврасу ҷавон ба варзиш рӯ овардаанд ва ҷараёни машқкунии онҳо бояд тибқи низоми муайян танзим карда шавад.
Маблағи умумӣ барои пурра амалӣ намудани Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 15 млн 950 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






