Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун мегузаронад

Январь 17, 2022 15:00

ДУШАНБЕ, 17.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор миёни ташкилотҳои ибтидоии шаҳр дар соли 2022 озмуни “Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ” гузаронида мешавад.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, масъалаи мазкур дар маҷлиси ҷамъбасти солонаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор мавриди муҳокима қарор гирифта, низомномаи озмун тасдиқ карда шудааст.

Низомнома масъулияти ташкилоти ибтидоиии ҲХДТ дар шаҳри Ҳисорро муқаррар намуда, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2019 ҷиҳати пурзӯр намудани самти фаъолияти сиёсии  ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳри Ҳисор таҳия гардидааст.

Озмуни мазкур аз рӯйи шарт ва номинаҳои   “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ”, “Таблиғотчии беҳтарини ҳизбӣ аз ҳисоби собиқадорон, бонувон ва ҷавонон”, “Таблиғотчии беҳтарин дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ”, “Беҳтарин утоқи ҳизбӣ”, “Беҳтарин бахши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва “Фаъолтарин вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”  гузаронида мешавад.

Дар ҷамъбасти озмун ба ғолибон ҷоиза, диплом ва туҳфаи хотиравӣ тақдим мегарданд.

 АКС: КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор

Январь 17, 2022 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд