Тоҷикистон ва Чин 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатиро рӯйдоди муҳими таърихӣ арзёб намуданд

Январь 4, 2022 09:02

ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи вижаи Шӯрои давлатии Ҷумҳурии  Мардумии Чин оид ба масъалаҳои АвруОсиё Ли Хуэйро 3 январ ба ҳузур пазируфт.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«30-солагии барқарории  муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Мардумии Чин яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи муносибатҳои ду кишвари дӯст мебошад», — иброз намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Ҷонибҳо зимни мулоқот изҳори назар намуданд, ки  Чин яке аз аввалин кишварҳо буд, ки  4 январи соли 1992  истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кард. Ин  имкон дод, то  дар муддати кӯтоҳтарин муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун барқарор карда шаванд.

Мусоҳибон бо қаноатмандӣ  иброз доштанд, ки давоми се даҳсола муносибатҳои ду кишвари дӯст роҳи тӯлониро тай намуда, пур аз рӯйдодҳои муҳим буданд ва ба шарофати талошҳои муштарак ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расиданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишварро бобати тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Чин дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд. Ба тавсеа ва таҳкими баъдии робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика ва фарҳангу маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Инчунин доир ба масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин  дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва вазъи амнияти минтақа табодули афкор сурат гирифт.

Бояд зикр намуд, ки сафари Намояндаи вежаи Шӯрои давлатии Ҷумҳурии  Мардумии Чин оид ба масъалаҳои АвруОсиё Ли Хуэй ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои минтақа баргузор гардид.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Январь 4, 2022 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд