Тоҷикистон ва Туркия ба мувофиқа расиданд, ки рӯзҳои фарҳангӣ баргузор намоянд
ДУШАНБЕ, 13.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 январ вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашарафҷон Гулов бо Вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия Меҳмет Эрсой баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба корбариҳо дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва Комиссияи муштараки соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия ибрози назар намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади васеъ муаррифӣ намудани иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шурӯъ аз 1 январи соли 2022 ҷорӣ гардидани низоми бидуни раводид ворид шудани шаҳрвандони Туркия ба Тоҷикистон Сафорат ҷиҳати ташкил ва баргузории Форуми сайёҳии ду кишвар дар яке аз шаҳрҳои Туркия кор бурда истодааст.
Инчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни ду кишвар чорабиниҳо ва конфронсу нишастҳои дахлдор, аз ҷумла рӯзҳои фарҳангӣ ташкил ва баргузор намоянд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, шаҳрвандони Тоҷикистон низ метавонанд дар ҳудуди Туркия бидуни раводид то 90 рӯз буду бош намоянд.
Бояд гуфт, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2022 барои шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Туркия, Аргентина, Белгия, Олмон, Канада, ИМА, Фаронса, Ҷопон ва ғайра барои ворид шудан ба ҷумҳурӣ низоми бидуни раводид ҷорӣ карда шудааст.
«Муҳлати будубоши шаҳрвандони кишварҳои номбурда дар ҳудуди Тоҷикистон 30 рӯз муқаррар шудааст. Дар айни ҳол тибқи қарори дигари қабулнамудаи Ҳукумати кишвар, шаҳрвандони боз 14 кишвар ба рӯйхати давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандонашон ҳуқуқи гирифтани раводид бо тартиби содакардашуда доранд, дохил карда шуданд. Ҳоло шумораи ин гуна давлатҳо ба 112 мерасад»,- чунин бармеояд аз маълумоти сомонаи Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд






