Тоҷикистон ва Туркия хостори баргузор намудани вохӯриҳо дар соҳаи саноат ва ҷалби сармоягузориянд

Январь 27, 2022 08:39

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо муовини Вазири саноат ва технологияи Туркия Четин Алӣ Донмез баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба корбариҳо, вазъи кунунӣ ва иқдомҳои оянда ҷиҳати пайгирии мувофиқаҳои ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва форуму нишастҳои корӣ ибрози назар намуданд»,- иттилоъ  доданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Зикр гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо дарназардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва бо мақсади таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022–2026 Солҳои рушди саноат эълон гардиданд.

Вобаста ба ин зарурати баргузор намудани вохӯриҳои маҷозӣ дар соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук ва аз натиҷаи онҳо сафарбар намудани коршиносони вазорату идораҳо ва ҳайатҳои тиҷоратии Туркия ба Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши имконияти сармоягузорӣ ва дарёфти шарики тиҷоратӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корбариро дар самти бунёди Фонди муштараки сармоягузорӣ пурзӯр намоянд.

АКС: ВКХ ҶТ

Январь 27, 2022 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд