Тоҷикистон ва Туркманистон табодули молро то 2,5 маротиба афзоиш доданд
ДУШАНБЕ, 12.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Туркманистон миёни кишварҳои ИДМ нахустин давлате гардид, ки Тоҷикистон бо он гардиши молро беш аз 2,5 баробар афзоиш додааст, иттилоъ медиҳад Агентии иттилоотии Sputnik бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре Агентӣ менависад, ба натиҷаи назаррас ноил шудани ду ҷонибро метавон натиҷаи гуфтушунидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар моҳи августи соли 2021 ҳисобид.
Яке аз масъалаҳои муҳими вохӯрии сарони ду давлат таҳким ва афзоиши муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ гардид.
Дар доираи гуфтушунид 19 Созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқттисод ва савдо ва Вазорати молия ва иқтисоди ду кишвар, Барномаи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ барои солҳои 2021-2023, Созишнома дар бораи ташкили хонаҳои савдо.
Ҳамчунин ҳайатҳо Харитаи роҳ оид ба афзоиши мубодилаи молро барои солҳои 2022-2023, ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, нақлиёт, транзити молу мусофирбарӣ ва якчанд санадҳои дигарро ба имзо расониданд.
Туркманистон омода аст ҳамкориро дар самти тиҷорати маҳсулоти маҷмӯии сӯзишворию энергетикӣ, саноати сохтмону кимиё, саноати хӯрокворӣ, нассоҷӣ, дорусозӣ ва кишоварзӣ бо Тоҷикистон густариш диҳад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид






