Тоҷикистон ва Туркманистон табодули молро то 2,5 маротиба афзоиш доданд

Январь 12, 2022 11:40

ДУШАНБЕ, 12.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Туркманистон миёни кишварҳои ИДМ нахустин давлате гардид, ки Тоҷикистон бо он гардиши молро  беш аз 2,5 баробар афзоиш додааст, иттилоъ медиҳад Агентии иттилоотии Sputnik бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тавре Агентӣ менависад, ба натиҷаи назаррас ноил шудани  ду ҷонибро метавон натиҷаи гуфтушунидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов  дар моҳи августи соли 2021 ҳисобид.

Яке аз масъалаҳои муҳими вохӯрии сарони ду давлат таҳким ва афзоиши муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ гардид.

Дар доираи гуфтушунид 19 Созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқттисод ва савдо ва Вазорати молия ва иқтисоди ду кишвар, Барномаи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ барои солҳои 2021-2023, Созишнома дар бораи ташкили хонаҳои савдо.

Ҳамчунин ҳайатҳо Харитаи роҳ оид ба афзоиши мубодилаи молро барои солҳои 2022-2023, ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, нақлиёт, транзити молу мусофирбарӣ ва якчанд санадҳои дигарро ба имзо расониданд.

Туркманистон омода аст ҳамкориро дар самти тиҷорати маҳсулоти маҷмӯии сӯзишворию энергетикӣ, саноати сохтмону кимиё, саноати хӯрокворӣ, нассоҷӣ, дорусозӣ ва кишоварзӣ бо Тоҷикистон густариш диҳад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Январь 12, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид