Тоҷикистон ва Узбекистон масъалаи барқарорсозии ҳаракати автобусҳоро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 17.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тошканд ҷаласаи навбатии комиссияи муштараки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷаласа таҳти раёсати муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва муовини Вазири нақлиёти Узбекистон Абусамад Муминов баргузор гардида, ҷонибҳо вазъи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаи нақлиёти автомобилии байналмилалӣ баррасӣ намуданд. Ҳамчунин дар ҷаласа ҷараёни иҷрои созишномаҳои баимзорасида дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо доир ба барқарор намудани ҳаракати автобусҳо байни ду кишвар, ки бар асари пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буд, табодули афкор намуданд. Ҳамчунин дурнамои рушди долони нақлиётии Узбекистон-Тоҷикистон-Чин матраҳ гардид.
Дар ҷаласа масоили ҳамкории минбаъдаи судманд миёни ду давлат дар мавриди нақлиёти автомобилӣ ва интиқоли бор, ташкили интиқоли мусофирон тавассути автобусҳо, лоиҳаи Протокол оид ба даровардани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни давлатҳо оид ба ҳамлу нақли автомобилӣ, табодули таҷриба дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳаракати автобусҳо миёни Тоҷикистон ва Узбекистон 15 майи соли 2018 пас аз 26 соли таваққуф барқарор гардид. Аммо аз 16 марти соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус Узбекистон ҳаракати нақлиётро аз кишварҳои дигар ба қаламраваш маҳдуд кард ва аз 1 сентябри соли 2021 тадриҷан ба лағви маҳдудият шурӯъ намуд.
Моҳи октябри соли гузашта пас аз танаффус бар асари пандемия автобусҳои ширкати нақлиётии Тоҷикистон «Asian Express» ҳамарӯза дар хатсайри Хуҷанд – Тошканд – Хуҷанд ҳаракат мекунанд.
АКС: Вазорати нақлиёти ҶТ








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






