«УРАЛ–ИЛЕ». Донишҷӯёни тоҷик дар озмуни III байналмилалии навозандагони созҳои мусиқии анъанавӣ соҳиби ҷойи аввал шуданд
ДУШАНБЕ, 19.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни ансамбли созҳои халқии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дар озмуни III байналмилалии навозандагони созҳои мусиқии анъанавӣ таҳти унвони «УРАЛ–ИЛЕ», ки дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия доир шуд, ҷойи аввал ва донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи «Созҳои халқӣ»-и Коллеҷи мазкур Мадина Баротова дар номинаи «Сози думбра» сазовори ҷойи сеюм гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Озмуни мазкур 11-12 декабри соли 2021 бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Бошқирдистон ва Донишкадаи давлатии санъати шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия тариқи онлайн доир шуд.
Донишҷӯёни Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дар озмуни мазкур таҳти роҳбарии омӯзгор Ҳусайн Шарифов иштирок намуданд.
Ғолибон бо дипломҳои лауреати озмуни байналмилалӣ сарфароз гардонида шуданд.
Роҳбарияти муассиса тасмим гирифтаанд, ки пайваста дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, санъати мусиқии касбӣ ва суннатии тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.








«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад






