ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Дар роҳҳо аз туман ва яхбандӣ эҳтиёт шавед
ДУШАНБЕ, 10.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳудуди ноҳияҳои кӯҳӣ, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ рӯзҳои наздик фаромадани туман ва яхбандӣ, бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ дар назар аст. Дар ин рӯзҳо хатари резиши санг низ боқӣ мемонад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Туман хатари ҷиддӣ барои ронандагон аст. Ин ҳодисаи табиӣ дидани пеши роҳ ва атрофи нақлиётро хеле маҳдуд намуда, боиси зиёд шудани шумораи бархӯрд ва дигар фалокатҳо дар роҳ мегардад.
Дар робита ба ин, Кумитаи мазкур ба ронандагон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми сафар ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд. Дар хотир бояд дошт, ки гарави асосии бехатарии ҳаракат дар шароити туман хеле паст кардани суръати мошин мебошад.
Инчунин ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунанд, ба ҳолати техникии мошин, бахусус системаи тормоз, ҳолати чархҳо ва мутобиқати онҳо ба мавсим таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.
АКС аз КҲФ ва МГ








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






