ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Дар роҳҳо аз туман ва яхбандӣ эҳтиёт шавед

Январь 10, 2022 11:47

ДУШАНБЕ, 10.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳудуди ноҳияҳои кӯҳӣ, навоҳии  тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ рӯзҳои наздик фаромадани туман ва яхбандӣ, бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ дар назар аст. Дар ин рӯзҳо хатари резиши санг низ боқӣ мемонад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Туман хатари ҷиддӣ барои ронандагон аст. Ин ҳодисаи табиӣ дидани пеши роҳ ва атрофи нақлиётро хеле маҳдуд намуда,  боиси зиёд шудани шумораи бархӯрд ва дигар фалокатҳо дар роҳ мегардад.

Дар робита ба ин, Кумитаи мазкур ба ронандагон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми сафар ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд. Дар хотир бояд дошт, ки гарави асосии бехатарии ҳаракат дар шароити туман хеле паст кардани суръати мошин мебошад.

Инчунин ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунанд, ба ҳолати техникии мошин, бахусус системаи тормоз, ҳолати чархҳо ва мутобиқати онҳо ба мавсим таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

АКС аз КҲФ ва МГ

Январь 10, 2022 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст