ҲУШДОРИ КҲФ ВА МГ БА СОКИНОН: Дар рӯзҳои барфу боронӣ дар сафарҳо эҳтиёт намоед
ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон 28-29 январ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво поён рафта, борону барф меборад, дар баландкӯҳҳо (болотар аз 2000 м) барфи шадид дар назар дошта шудааст. Аз 29 то 31 январ дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, ҳаворо тира мекунад.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Айнӣ — Хуҷанд, Душанбе — Сангвор, Ваҳдат – Рашт – Лахш – Қарамиқ, Ш. Шоҳин – Дарвоз, Ванҷ- Хоруғ — Ишкошим, Хоруғ — Мурғоб ҳавои сард сабаби яхбандӣ мешавад, лағзиши тарма ва резиши санг низ эҳтимол дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои пешгирии садамаҳо дар роҳҳо аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки пеш аз сафар воситаҳои нақлиёти худро омода созанд, чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз кунанд. Тавсия дода мешавад, ки мошинҳои боркаш занҷирҳои зиддилағзиш дошта бошанд ва ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ меъёри суръат ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.
Кумита тавсия медиҳад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ шароит ва вазъи ҳаво ҷиддан ба назар гирифта шавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафар ба маҳалҳои тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
Дар робита ба коҳиши пешбинишудаи ҳарорат ва бориш бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои мавсимии роҳҳои нафас Кумита аз аҳолӣ даъват ба амал меорад, ки мувофиқи мавсим либос пӯшанд, ниқобҳои муҳофизатӣ дошта бошанд ва қоидаҳои санитарию беҳдоштиро риоя намоянд. Волидон ва калонсолон бояд кӯдаконро зери назорат гиранд.
Дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ё техногенӣ ба телефонҳои 112 ё 93 880 28 19 занг занед.
АКС: КҲФ ва МГ








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






