Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар нишасти байналмилалии Future Minerals Summit иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон захираи бойи сарватҳои зеризаминӣ дорад. Аз 600 кони кашфшуда ва 200 кони зуҳурёфта зиёда аз 100 кон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар онҳо зиёда аз 50 намуди ашёи хоми минералӣ истихроҷ карда мешаванд. Ин нуктаро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасте, ки Арабистони Саудӣ барои роҳандозии ҳамкории дарозмуддат бо иштироки намояндагони саноати истихроҷи ҷаҳон, ҳукуматҳои минтақавӣ, сармоягузорон ва дигар нафарони калидӣ дар сиғаи видеоконфронс баргузор намудааст, изҳор дошт. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, нишасти Future Minerals аз 11 то 13 январ дар Маркази конфронсҳои байналмилалӣ ба номи шоҳ Абдул Азиз дар Ар-Риёз ҷараён мегирад.
Нишасти сатҳи олӣ нахустин ташаббуси ҳукумати Арабистони Саудӣ ба шумор рафта, беш аз 2000 ширкаткунандаро аз созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои тиҷоратии беш аз 95 кишвари ҷаҳон ҷамъ овардааст. Намояндагон аз тамоми ҷаҳон ғояҳои беҳамтои худро оид ба ҷалби сармоя ва рушди соҳа муаррифӣ мекунанд. Дар нишасти мазкур вазирони саноат аз 31 давлати хориҷӣ иштирок доранд.
Шералӣ Кабир иброз намуд, ки саноати кӯҳии Тоҷикистон заминаи хуби маъданӣ ва ашёи хомро доро буда, ҳаҷми он барои таъмини рушди соҳа дар муддатҳои тӯлонӣ кофӣ мебошад. Он ҳанӯз аз давраи шӯравӣ заминагузорӣ гардида буд, аз замоне, ки омӯзиши муназзами сарватҳои дар дохили Тоҷикистон мавҷуда ва азхудкунии саноатии он ба роҳ монда шуда буд. Зикр шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи конҳои кашфшуда дар ҷумҳурӣ саноати маъдани кӯҳӣ, кимиёӣ, коркарди санг, сохтмонӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ташкил шуданд.
Коршиносони хориҷии ҳуқуқдон, ки фазои тиҷоратии ИДМ-ро меомӯзанд, бар ин назаранд, ки қонунгузории ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овардааст, то барои сармоягузорони хориҷӣ дар кишвари мо ҷиҳати ҳифзи сармоягузорӣ ва фаъолияти тиҷоратии онҳо шароити беҳтар муҳайё карда шавад. Ҳамчунин дар нишаст, ки тариқи видеоконфронс баргузор мегардад, иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси шаффофияти саноати истихроҷ (ТШСИ) татбиқ гардидааст, ки он яке аз стандартҳои ба таври васеъ пазируфташудаи байналмилалӣ барои таҳкими шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаҳои истихроҷ ба шумор меравад.
Дар хотима Ш.Кабир изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳо ҷиҳати тавсеа ва таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд омода аст.
АКС аз Вазорат саноат ва технологияҳои нави ҶТ








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






