Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар нишасти байналмилалии Future Minerals Summit иштирок намуд

Январь 13, 2022 13:40

ДУШАНБЕ, 13.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон захираи бойи сарватҳои зеризаминӣ дорад. Аз 600 кони кашфшуда ва 200 кони зуҳурёфта зиёда аз 100 кон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар онҳо зиёда аз 50 намуди ашёи хоми минералӣ истихроҷ карда мешаванд. Ин нуктаро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасте, ки Арабистони Саудӣ барои роҳандозии ҳамкории дарозмуддат бо иштироки намояндагони саноати истихроҷи ҷаҳон, ҳукуматҳои минтақавӣ, сармоягузорон ва дигар нафарони калидӣ дар сиғаи видеоконфронс баргузор намудааст, изҳор дошт. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, нишасти Future Minerals аз 11 то 13 январ дар Маркази конфронсҳои байналмилалӣ ба номи шоҳ  Абдул Азиз дар Ар-Риёз ҷараён мегирад.

Нишасти сатҳи олӣ нахустин ташаббуси ҳукумати Арабистони Саудӣ ба шумор рафта, беш аз 2000 ширкаткунандаро аз созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои тиҷоратии беш аз 95 кишвари ҷаҳон  ҷамъ овардааст. Намояндагон аз тамоми ҷаҳон ғояҳои беҳамтои худро оид ба ҷалби сармоя ва рушди соҳа муаррифӣ мекунанд. Дар нишасти мазкур вазирони саноат аз  31  давлати хориҷӣ иштирок доранд.

Шералӣ Кабир иброз намуд, ки саноати кӯҳии Тоҷикистон заминаи хуби маъданӣ ва ашёи хомро доро буда, ҳаҷми он барои таъмини рушди соҳа дар муддатҳои тӯлонӣ кофӣ мебошад. Он ҳанӯз аз давраи шӯравӣ заминагузорӣ гардида буд, аз замоне, ки омӯзиши муназзами сарватҳои дар дохили Тоҷикистон мавҷуда ва азхудкунии саноатии он ба роҳ монда шуда буд. Зикр шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи конҳои кашфшуда дар ҷумҳурӣ  саноати маъдани кӯҳӣ, кимиёӣ, коркарди санг, сохтмонӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ташкил шуданд.

Коршиносони хориҷии ҳуқуқдон, ки фазои тиҷоратии ИДМ-ро меомӯзанд, бар ин назаранд, ки қонунгузории ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овардааст, то барои сармоягузорони хориҷӣ дар кишвари мо ҷиҳати ҳифзи сармоягузорӣ ва фаъолияти тиҷоратии онҳо шароити беҳтар муҳайё карда шавад. Ҳамчунин дар нишаст, ки тариқи видеоконфронс баргузор мегардад, иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси шаффофияти саноати истихроҷ (ТШСИ) татбиқ гардидааст, ки он яке аз стандартҳои ба таври васеъ пазируфташудаи байналмилалӣ барои таҳкими шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаҳои истихроҷ ба шумор меравад.

Дар хотима Ш.Кабир изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳо ҷиҳати тавсеа ва таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд омода аст.

 

АКС аз Вазорат саноат ва технологияҳои нави ҶТ

Январь 13, 2022 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид