Дар Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявиро ҳавасманд намуданд

Январь 11, 2022 11:24

ДУШАНБЕ, 11.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Иҷрокунандаи вазифаи раиси  шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода  ба донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Ҳаёт Саймақсудӣ, ки дар Озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯи номинаи «География» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  ҷойи якумро сазовор гардид,  «Ифтихорнома»  ва мукофоти пулӣ тақдим намуд. Дар ин бора  дар  бахши матбуоти мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати ҳавасманд намудани насли наврас ба омӯзиш ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  ва «Илм – фурӯғи маърифат», инчунин омӯзгорони онҳо ва дигар иштирокчиёни фаъоли ин озмунҳоро   бо  «Ифтихорнома» ва  дигар туҳфаҳо  қадрдонӣ намуд»,-афзуд манбаъ.  

Ёдовар мешавемб ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» роҳандозӣ шуда, ҳамасола баргузор карда мешавад.

Соли 2021  ба ғолибони ҷойҳои якум 35 000, ҷойҳои дуюм 25 000 ва ҷойҳои сеюм 15 000 тақдим карда шуд.

Иштирокчиёни ҷойҳои 4,5,6-и даври ҷумҳуриявӣ, яъне чоруми озмун бо нишони «Илм ва инноватсия» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо сарфароз гардиданд.

Инчунин омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд, бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКСҲО аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Январь 11, 2022 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад