Зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020», ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷараён дорад, 9 январ Ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон оғоз гардид, ки то 22 январи соли 2022 идома хоҳад кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Дар ин замина 16 январ дар шаҳри Дубай таҳти унвони «Эко – сайёҳӣ дар Тоҷикистон» Форуми сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА, Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази иттилооотии хизматрасониҳои сайёҳӣ”-и Кумитаи рушди сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии АМА, инчунин доираҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.
Форумро Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА ва Палатаи савдо ва саноат ташкил намуд.
Дар маросими ифтитоҳи форум муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода ва Сафири Тоҷикистон дар АМА Баҳодур Шарифӣ суханронӣ намуда, оид ба имконияти бузурги сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, таърихиву фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва саргузаштию шикор, обҳои шифобахш ва табобатӣ ба ширкаткунандагони ҳамоиш маълумоти муфассал манзур намуданд, ки аз ҷониби иштирокчиён бо таваҷҷуҳи зиёд қабул гардид.
Дар самти рушди сайёҳии Тоҷикистон вобаста ба ҷорӣ гардидани низоми раводиди электронӣ аз 1 январи соли 2022 тартиби пешниҳоди низоми бераводид бо 52 мамлакати дунё, эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эътироф шудани соҳаи сайёҳии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ маълумоти муфассал пешниҳод шуд, ки ҷониби соҳаи сайёҳии АМА-ро мутаассир гардонида, ҷалб намуд.
Аз ҳозирин даъват гардид, ки ба мавзеъҳои нотакрори сайёҳии Тоҷикистон ташриф оварда, бо таъриху фарҳанги бойи қадима, оинҳои мардумӣ, кӯҳҳои осмонбўсу обҳои мусаффо, манзараҳои дилфиребу табиати биҳиштосои тоҷикон шинос шуда, ҳам истироҳат намоянд ва ҳам табобат гиранд.
Пас аз анҷоми форум меҳмонон ба павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЭКСПО-2020 ташриф оварда, бо имконияти сайёҳӣ, сарчашмаҳои обҳои мусаффо ва шифобахш, ҳайвоноти нодир, таъриху фарҳанг, иқтидорҳои саноатӣ ва содиротӣ, намунаҳои молҳои истеҳсолӣ, имконияти сармоягузорӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлолият шинос шуданд.
Ҳамчунин ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо ҳамтоёни худ оид ба мубодилаи сафарҳои сайёҳӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории қавии муштарак гуфтушунид намуданд.
Намоишгоҳи мазкур платформаи муҳим оид ба имконияти сайёҳии ҳар давлат маҳсуб мешавад.
Қобили зикр аст, ки бо дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои таблиғи захираҳои сайёҳии кишвар иштирок менамоянд.
Иштирок ва муаррифии ҳарчи бештари захираҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии “ЭКСПО-2020” хеле ба маврид буда, имконият медиҳад, ки байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, ҷалби сайёҳони хориҷӣ аз қораи Осиё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маротиб зиёд карда шавад.
Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар АМА, шурӯъ аз аввали кушодашавии ЭКСПО-2020 дар шаҳри Дубай то имрӯз ба павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЭКСПО-2020 зиёда аз 350 ҳазор нафар меҳмонон аз кишварҳои гуногуни дунё ташриф овардаанд.
АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳӣ




















Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба Тоҷикистон ворид карда шуд
«МЕЪМОР-2026». Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар вилояти Суғд доир мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Носири Хусрав моҳи август ҷамъоварии пахта оғоз мегардад
«ЭКО-2026». Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир мегардад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст
Афзалияти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дар СММ муаррифӣ гардид
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






