Зодаи Душанбе дар Тотористон донишҷӯи сол эълон гардид
ДУШАНБЕ, 27.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрванди тоҷик, магистранти Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии Қазон (КМТМУ) Раҳматҷон Халилов барандаи Ҷоизаи Гран-прии озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол-2022» гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раҳматҷон Халилов ҷоизаи «Беҳтарин донишҷӯи сол дар Тотористон»-ро аз дасти муовини аввали раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия Андрей Турчак ва сардори давлати Тотористон Рустам Миннихонов гирифт. Инчунин ӯ имкон пайдо кард, ки тавассути барномаи «Алгариш» дар ҳама донишгоҳҳои ҷаҳон таҳсилашро идома диҳад.
Раҳматҷон Халилов зодаи Душанбе буда, дар мактаби рақами 20 ба номи А.Пушкин ва Литсейи рақами 1 барои кӯдакони болаёқат таҳсил кардааст.
Айни замон ӯ дар барномаи магистрии КНРТУ бо ихтисоси соҳибкории инноватсионӣ дар коркарди маводи композитӣ фаъолият дорад.
Ба гуфтаи Раҳматҷон, ӯ ният дорад, ки бо истифода аз гранти Тотористон дар дилхоҳ донишгоҳи ҷаҳон таҳсил карда, баъдан бо дониши андӯхтааш ба Тоҷикистон баргашта, ба халқу Ватан хизмати софдилона намояд.
Ёдовар мешавем, ки дар маъракаи кунунии квота 6184 номзад сабти ном шуда, 4556 нафар ба имтиҳони интихобӣ (барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот) роҳ ёфтанд. Дар маҷмӯъ, барои соли таҳсили 2022-23 ба Тоҷикистон 750 ҷои буҷетӣ ҷудо шудааст, ки ин шумора соли гузашта аз 630 ҷой иборат буд.
Фаъолияти «Россотрудничество» ва муассисаҳои он дар хориҷа ба татбиқи сиёсати давлатии ҳамкории байналмилалии башардӯстона, мусоидат ба паҳн кардани идеяи воқеии Русияи муосир дар хориҷа нигаронида шудааст. Ҳоло «Россотрудничество» дар 81 кишвари ҷаҳон 98 намояндагӣ дорад.
АКС аз «Россотрудничество»








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






