«БӮЙИ БАҲОР МЕРАСАД…». Моҳи март дар Тоҷикистон бориши борон, раъду барқ, жола ва фаромадани тормеғ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 25.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи март дар Тоҷикистон бориш дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида баамалоии раъду барқ, боридани жола, фаромадани тормеғ (туман) ва шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии мамлакат Парвина Саидҷамолова.
Дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 8+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 3+7 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар оғози даҳрӯзаи аввали моҳ меъёри рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои водигӣ дар ҳудуди 10+15 дараҷа гарм, шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Рӯзҳои боқимонда эҳтимоли баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, рӯзона аз 13 то 24 дараҷа гарм, шабона аз 2 то 10 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Хатлон тағйирёбии ҳаво дар назар буда, рӯзона аз 3 то 14 дараҷа гарм, шабона аз 0-5 дараҷа хунук то 0+5 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёр, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида баамалоии раъду барқ, боридани жола, фаромадани тормеғ (туман) ва шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурӣ ба амал омадани тӯфони чангу ғубор аз эҳтимол дур нест.
Дар моҳи март вилояти Суғдро ҳавои миёнаи моҳона мунтазир аст. Дар баъзе ноҳияҳо гармии ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 8+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гармро ташкил медиҳад. Дар оғози даҳрӯзаи аввали моҳ меъёри рӯзонаи ҳавои ноҳияҳои водигӣ дар ҳудуди 6+11 дараҷа гарм, шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, шабона аз 6 то 15 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои боқимонда баландшавии ҳаво дар назар дошта шуда, дар водиҳо рӯзона аз 11 то 21 дараҷа гарм, шабона то 8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона аз 1 то 10 дараҷа гарм, шабона то 9 дараҷа хунук мешавад. Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёр, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ паст пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида баамалоии раъду барқ, боридани жола, фаромадани тормеғ (туман) ва шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.
Моҳи март дар ВМКБ меъёри ҳаво дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, аз 3 дараҷа хунук то 4 дараҷа гармро ташкил медиҳад. Дар оғози даҳрӯзаи аввали моҳ ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ҳудуди аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, шабона аз 6 то 15 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзҳои боқимонда баландшавии ҳаво дар назар дошта шуда, рӯзона аз 7 то 14 дараҷа гарм, шабона то 9 дараҷа хунук мешавад. Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман) мефарояд.
Моҳи март дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, 8-14 дараҷа хунукӣ (дар мавзеи Булункӯл -18 дараҷа хунукӣ)-ро ташкил медиҳад. Дар вилоят дар даҳрӯзаи аввали моҳ реҷаи ҳарорати пасти ҳаво дар назар дошта шудааст. Дар рӯзҳои боқимонда ҳарорати рӯзонаи ҳаво баланд шуда, рӯзона аз 4-9 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, шабона аз 20 то 17 дараҷа хунукӣ аз эҳтимол дур нест. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония дар назар аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид






