Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 5 ширхоргоҳ-кӯдакистон ва 200 синфхонаи иловагӣ бунёд мешаванд

Февраль 18, 2022 13:35

ТУРСУНЗОДА, 18.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бунёди 5 адад ширхоргоҳ-кӯдакистон, 200 адад синфхонаҳои иловагӣ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ ва соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин нукта зимни мулоқоти раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони сохторҳои давлатӣ бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият, ки ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, баён гардид. Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар вохӯрӣ раиси шаҳр Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода, иброз дошт, ки “Паём ҳамчун санади ҳадафманд нақшаҳои кории моро барои солҳои минбаъда муайян намуда, аз мо тақозо менамояд, ки барои ояндаи дурахшони Ватан меҳнати пурсамар намоем. Аз ҷониби Пешвои миллат дар мамлакат тадбирҳои нави ҷашнӣ вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон банақшагирии бунёди иншооти ҷашнӣ оғоз гардида, дар шаҳри мо низ ин раванди созанда дар ҷараён аст”.

Раиси шаҳри Турсунзода дар якҷоягӣ бо гурӯҳӣ корӣ пас аз вохӯрӣ бо фаъолон аз муссисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва ҷараёни сохтмонҳо дидан намуда, бо вазъи имрӯзаи фаъолияти кормандон ва тартиби гузаронидани дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ шинос шуд.

Яке аз масоили муҳим таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф буда, дар бобати дастгирии соҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур корҳои созандагӣ ҷиҳати бунёди синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои томактабӣ ва иншооти савдову хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар вохӯрӣ соҳибкорон ва фаъолони деҳаи Нуристони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият дархост намуданд, ки ҷиҳати бунёди муассисаи томактабӣ қитъаи замин ҷудо карда шавад. Ин муроҷиати сокинон қонеъ гардонида шуда, раиси шаҳр изҳор дошт, ки давоми 2 соли минбаъда дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ иншооти мазкур дар доираи талаботи меъморӣ ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Тибқи маълумоти раиси Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият Умеда Неъматуллоева, дар ҷамоат сохтмони бинои маркази хизматрасонии бонкӣ ва чойхонаи миллӣ идома дошта, дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз ба истифода дода мешаванд.

Силсилавохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр идома доранд. Хушбахтона, сокинону соҳибкорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар асоси сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат дар бунёди иншооти муҳим ва рушди деҳот, аз қабили бунёди муассисаҳои таълимию синфхонаҳои иловагӣ, кӯдакистонҳо, мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ ва дигар корҳои созандагӣ саҳми назаррас мегузоранд.

 

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Февраль 18, 2022 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт