Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли равон, ки аз ҷониби Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, имрӯз ҷаласаи нахустини Шӯрои мазкур дар соли равон доир гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласаи мазкур шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сурат гирифт, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Амонзода, намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, раиси комиссияи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода намудани пешниҳодҳои Шӯро ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои ҷумҳурӣ Рафиқа Мусоева ва дигар намояндагону аъзои Шӯро иштирок ва маърӯза намуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода иброз намуд, ки “Паём санадест, ки дар он тамоми масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла нақшаву стратегияҳо, барномаҳо, муайян кардани рушди минбаъдаи ҷомеа инъикос мегарданд. Паём муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ мебошад. Нақши Паём дар дастовардҳои имрӯзаи мо хеле муҳим аст. Ҳамасола дар паёмҳои Президенти мамлакат он масъалаҳои стратегие, ки мавҷуданд, боз ҳам мукаммалтар гардида, самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷӣ масъалаҳои нав ворид карда мешаванд”.
Ҳамзамон масвсуф иброз намуд, ки соли 2021 сатҳи рушди иқтисод баланд рафта, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 9,2 фоиз баробар шуд. Рушди соҳаи саноат ба 22 фоиз расонида шуд ва дар панҷ соли оянда –Солҳои рушди саноат он бояд ба 26 фоиз расонида шавад.
“Албатта, вазифаҳои дар пешистода, ки дар Паёми навбатӣ дарҷ шудаанд, аз ҷумла саноатикунонии мамлакат, 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва ғайра аз мо талошу заҳматҳои дучанд талаб менамоянд”,- гуфт Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода.


Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Амонзода дар ҷаласа оид ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ гуфт, ки “он дурнамои рушди давлатдории мо буда, дар он нақшаҳои муҳимтарини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дақиқу аниқ муайян карда шудаанд. Паёми навбатии Пешвои миллат бояд мавриди омӯзишу пажӯҳиши коршиносон ва ниҳодҳои илмиву пажӯҳишии кишвар қарор гирад”.
Раиси комиссияи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода намудани пешниҳодҳои Шӯро ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ассотсиасияи энергетикҳои ҷумҳурӣ Рафиқа Мусоева зикр кард, ки “бо пешниҳоди Шӯрои ҷамъиятӣ дар Паёми навбатӣ се бахши асосӣ баррасӣ гардид. Асосан ин Паёми Пешвои миллат роҳи дар 30 сол тайкарда ва дастовардҳои муҳими давлатдориро баррасӣ намуд. Бо шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар фарди мамлакат дарк кард, ки мардуми мо дар чунин муддати кӯтоҳи таърихӣ чӣ қадар роҳи бузургро тай намуда, давлати соҳибистиқлоли мо чӣ гуна ислоҳоту дигаргуниҳои куллиро паси сар кардаст. Тӯли ин солҳо дар мамлакати мо тайғирот ва дигаргуниҳои назаррас ба вуқӯъ пайвастанд ва аз ҳама муҳим, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва миллати муттаҳид дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро пайдо намудем”.
“Нуктаҳои муҳими дарҷгардида дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ватандӯсти мамлакатро бетараф нагузошта, ҳамагонро ба меҳнати содиқонаву шарафмандона баҳри шукуфоии мамлакат водор месозанд. Мо бо сарварии Пешвои миллат минбаъд низ ба тамоми дастовардҳои назаррас ноил хоҳем гардид”,-тазаккур дод Рафиқа Мусоева.
Дар ҷаласаи мазкур дигар маърӯзачиён муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин расониданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад
Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст






