Дар Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Тоҷикистон мулоқоти судманди тарбиявӣ доир шуд

Февраль 2, 2022 09:28

ДУШАНБЕ, 2.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ватандӯстӣ яке аз масъалаҳои калидӣ дар тарбия ва ташаккули насли наврасу ҷавони кишвар маҳсуб шуда, адои уҳдадории ҳарбӣ рисолат ва қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард мебошад. Ин нуктаро муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода  зимни мулоқот бо шунавандагони курсҳои омӯзишии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва ҷавонони синни даватӣ баён дошт. Дар ин бора аз бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» доданд.

Вохӯрии мазкур 1 феврал дар Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар арафаи 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон доир гардид.

Дилноза Аҳмадзода зикр намуд, ки имрӯз давлат ва Ҳукумати кишвар баҳри ҳимояи марзу буми Ватан тадбирҳои судманд амалӣ намуда, барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имконият ва шароити хуб фароҳам овардааст.

Пас аз анҷоми мулоқоти судманди тарбиявӣ дар асоси ба роҳ мондани чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомии сохторҳои қудратӣ» ҷавонони синни даъватӣ аз осорхонаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Тоҷикистон ва  намоишгоҳи техникӣ-ҳарбӣ ва варзишии ташкилот дидан намуда, ҷиҳати гирифтани таълими ройгон дар курсҳои омӯзишии ронандагӣ номнавис шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ

Февраль 2, 2022 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст