ДАР МОСКВА КИТОБҲО ВА ТОҚИҲОИ ТОҶИКӢ БА НАМОИШ ГУЗОШТА ШУДАНД. Дар Китобхонаи давлатии Русия намоишгоҳ бахшида ба мероси фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз оғоз ёфт

Февраль 18, 2022 13:38

ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази адабиёти шарқи Китобхонаи давлатии Русия (КДР) 15 феврал намоишгоҳ бахшида ба мероси фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз – аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор шурӯъ намуд. Намоишгоҳ то 12 март идома ёфта, дар доираи Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ дар ИДМ ва ҳамчунин бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки аз ҷониби ЮНЕСКО таъсис гардидааст, баргузор карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Китобхона давлатии Русия хабар доданд.

Намоиш дар ду толор ҷойгир буда, аз ду қисмати асосӣ: маънавӣ ва моддӣ иборат аст. Нигоҳдорандаи мероси маънавии гузаштан аз насл ба насл китоб буда, яке аз нишонаҳои шинохташавандаи фарҳанги моддии ҳар миллат ин тоқӣ ё каллапӯш мебошад.

ТОЛОРИ АВВАЛ — «НАМУНАИ ТАЪРИХ».

Толори якуми намоишгоҳ ба фарҳанги муосири кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бахшида шудааст.

Мероси моддию маънавии ҳар кишвар як қисмати симои аёнии онҳо гардидааст. Ин тасвир аслӣ буда, ба таври худ ба ҳар сокини ИДМ шинос аст.

Адабиёти муосир, ки дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз нашр мешавад, ҳамзамон бештар анъанаҳои мардумро ҳифз ва интиқол дода, бо шоҳасарҳои фолклорӣ, адабиёти бадеӣ ва санъати тасвирӣ мубодила мекунад.

Нигораҳои намоишгоҳҳои толори якум- ин китобу албомҳои муосир дар бораи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, инчунин каллапӯшҳои шинохтаи минтақаҳои гуногуни ИДМ-ро ташкил медиҳанд. Бархеҳо тоқиҳоро то ҳол дар ҳаёти рӯзмарра ва идҳо мепӯшанд ва баъзеи дигар онҳоро танҳо бо либосҳои анъанавӣ истифода менамоянд.

ТОЛОРИ ДУВВУМ — «ТАЪРИХИ НАМУНАҲО»

Толори дуюм моро ба сайри гузаштаи маданияти кишварҳои ИДМ равон мекунад. Дар бораи нигораҳои ин толор дар роҳнамоҳо кам навишта шудааст. Ҳар кадоми онҳо- намунаи нодири осорхонавиянд. Илова бар ин, гӯшаҳои алоҳида ба забонҳои нодир ва забонҳои халқҳои хурди кишварҳои муштаракулманофеъ: тоҷикӣ, қароқалпоқӣ, уйғурӣ, курдӣ ва ғайра бахшида шудаанд.

Дар намоиши китоб яке аз аввалин нашрияҳои ба забонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз нашршуда пешкаш шудаанд.

Тоқиҳое, ки дар толор пешниҳод шудаанд, воқеан камёфтанд. Меҳмонон аз Русия тоқии қирғизиро аз арақчини озарбойҷонӣ ба осонӣ фарқ карда метавонанд ва мардуми Арманистон дарҳол мефаҳманд, ки тоқии сиёҳу сафеди мураббаъшаклро на дар Қафқоз, балки дар Осиёи Миёна мепӯшанд.

Онҳоро санъатшинос Владислав Евневич, бузургтарин ҷамъоварандаи тоқиҳо ва гулдӯзиҳо дар Русия ва ИДМ пешкаш кардааст, ки маҷмӯаи ӯ беш аз 1000 каллапӯшҳои тамоми Осиёи Марказиро дар бар мегирад.

 

АКС: КДР

Февраль 18, 2022 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад