Дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ машваратҳои ҳуқуқӣ – амалии ройгон расонида мешаванд

Февраль 18, 2022 11:08

ДУШАНБЕ, 18.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба шаҳрвандони Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ расонидани машварати ҳуқуқӣ ва амалиро роҳандозӣ намудааст. Расонидани машваратҳои ҳуқуқӣ – амалӣ ба муҳоҷирон дар шаҳри Москва ва ҳавзаҳои федералии Русия дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба таври ройгон ба роҳ монда мешаванд, хабар дод масъули бахши матбуоти Намояндагии мазкур Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар».

— Масъулини Намояндагӣ пайваста ҷиҳати мусоидат ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Расонидани машварати ҳуқуқӣ ва амалӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, риояи қонунҳои будубоши кишвари иқомат, ба роҳ мондани фаъолияти меҳнатӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи фаъолият (патент) ва бастани шартномаҳои меҳнатӣ бо субъектони хоҷагидор, ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми боздошт аз ҷониби маъмурони полис ва ба муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат намудан дар тартиб додани аризаҳои даъвогиву шикоятӣ, аз ҷумлаи ҳамин тадбирҳост, — афзуд Каримҷон Салимзода.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 аз ҷониби масъулини Намояндагӣ ба 14 653 нафар муҳоҷирон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияву машваратҳои ҳуқуқӣ вобаста ба қонунигардонӣ дар қаламрави Федератсияи Русия дода шуда, ба 3 572 нафар шаҳрвандон кумакҳои ҳуқуқии амалӣ расонида шудааст.

Ҳамзамон ба 45 нафар шаҳрвандони кишвар – муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба қарздор буданашон аз судиҷрочиён ва сари вақт насупоридани ҷаримаҳояшон бо содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз чунин машварати ҳуқуқии амалӣ бархурдор гардиданд.

Инчунин соли 2021 аз ҷониби масъулини Намояндагӣ дар қаламрави Федератсияи Русия 29 амали фиребдиҳандаи миёнаравон ошкор ва ҷуброни зарари муҳоҷирон баргардонида шудааст. Дар доираи қонунгузории Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такя ба қонунгузории байналмиллалӣ дар самти муҳоҷират масъулини Намояндагӣ ба зинаҳои болоии судӣ 66 шикоятро оид ба ихроҷи шаҳрвандон ирсол намудаанд, ки дар натиҷа 13 қарори суди ноҳиявӣ бекор шудааст.

Ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода мешавад, ки қонунгузории кишвари қабулкунандаи қувваи кориро риоя намуда, тибқи тартиби муқарраршуда кор ва фаъолият намоянд. Ҳангоми оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи аслии онро дар худ нигоҳ дошта, тибқи муқаррарорти шартномаи меҳнатӣ фаъолият намоянд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон- муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар ҳолати пайдо гардидани ягон мушкилӣ метавонанд ба масъулини Намояндагӣ ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:

1. ш. Москва: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4878964, +7(967)2710202;

2. ш. Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;

3. ш. Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;

4. ш. Новосибирск: +7(965)3586161;

5. ш. Уфа: +7 (915) 4883223;

6. ш. Краснодар: +7(929)540 88 88;

7. ш. Астрахан: +7(977)2720001.

8. ш. Хабаровск: +7 (909)809 5548;

 

Аксҳо аз манбаъҳои боз

Февраль 18, 2022 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад