Дар шаҳри Ҳисор конференсияи миллии сайёҳӣ баргузор гардид

Февраль 25, 2022 14:46

ДУШАНБЕ, 25.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо ҷалби масъулини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ дар мавзӯи “Имконият ва дурнамои рушди саноати сайёҳӣ дар минтақаи Ҳисор” ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои тайёр намудани роҳбаладони касбӣ, зимни муаррифии мавзеъҳо такя намудан ба маълумоти аз ҷиҳати илмӣ асоснок, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзеъҳои сайёҳӣ, ташаккули фарҳанги сайёҳӣ, рушди сайёҳии дохилӣ, муаррифии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун бренди сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамчунин масъулини мақомот ва роҳбарони субъектҳои хизматрасонӣ вобаста ба имконияти мусоиди ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ ба рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Ҳисор, иқтидорҳои табиӣ, экологӣ, аграрӣ ва таърихию фарҳангии минтақа ҳамчун омили рушди туризми экологию аграрӣ, фарҳангию этнографӣ ва имконияти ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.

Бо мақсади шиносоӣ бо имконияти сайёҳӣ иштирокчиёни ҳамоиш аз корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Ҳисор дидан намуданд.

Соли 2021 аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, табиию экологӣ ва табобатии шаҳри Ҳисор беш аз 84 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ боздид намудаанд, ки ин омор дар қиёс ба соли 2020 беш аз 41 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти ҳар давлат ба ҳисоб рафта, дар тӯли даҳсолаҳо новобаста ба буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бо суръат ва устувор рушд намуда, дар таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим дорад. Дар ин самт саноати сайёҳӣ дар ҷаҳон доимо дар ҳоли рушд аст.

 

АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

 

 

Февраль 25, 2022 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд