Донишҷӯи ДМТ дар Олимпиадаи 12-уми байналмилалӣ аз фанни математика сазовори ҷойи дуюм шуд

Февраль 25, 2022 10:59

ДУШАНБЕ, 25.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040) магистранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳикматулло Исматов дар Олимпиадаи 12-уми байналмилалӣ аз фанни математика, ки дар шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларус доир шуд, сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид, иттилоъ доданд дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Инчунин донишҷӯйи курси 4-уми донишгоҳ Малик Ситамов бо Диплом ва донишҷӯйи курси 3-юми факултети механикаю математика Чеҳрон Раҳимзода бо Шаҳодатнома қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2010 инҷониб дар шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларус ҳамасола чунин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика доир мегардад.

Тибқи таҳлилҳои Раёсати илми донишгоҳ, донишҷӯёни муассиса иштирокчии фаъоли олимпиадаи мазкур мебошанд. Аввалин маротиба донишҷӯёни донишгоҳ соли 2013 дар оимпиадаи мазкур иштирок намуда, миёни 50 нафар иштирокчӣ аз 24 донишгоҳи 6 давлат сазовори ҷойи 3-юм гардида буданд.

Донишҷӯёни донишгоҳ аз соли аввали баргузории ин олимпиада то инҷониб сазовори 2 ҷойи аввал, 4 ҷойи дуюм, 4 ҷойи сеюм ва 4 Дипломи ифтихорӣ гаштаанд.

 

АКС: ДМТ

Февраль 25, 2022 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад