Хуршед Каримзода: Соли 2021 содироти мол аз Тоҷикистон ба Қазоқистон, Чин, Русия, Туркия ва Афғонистон афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соле, ки сипарӣ гардид, Тоҷикистон бо зиёда аз 120 кишвари ҷаҳон табодули мол анҷом додааст.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода 2 феврал бо натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон дар соли сипаришуда зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ гуфт, ки дар содироти молҳои ватанӣ вазни қиёсии асосиро маъданҳо ва консентратҳо 19,2 фоиз ё беш аз 343 миллион доллар, алюминий 7,6 фоиз ё 135 миллион доллар, нахи пахта 11,3 фоиз ё 202,6 миллион доллар, семент 2,6 фоиз ё зиёда аз 46 миллион доллар, ресмони пахтагӣ 2,9 фоиз ё 51,9 миллион доллар ва маҳсулоти меваю сабзавот 2 фоиз ё 36 миллион доллар ташкил медиҳанд.
Хуршед Каримзода афзуд, ки аз ҳаҷми умумии содирот 32 фоиз ё 572 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи наздик ва 68 фоиз ё 1 214,7 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд. Ҳаҷми асосии содироти мол бо давлатҳои Қазоқистон- 20,2 фоиз, Туркия- 13 фоиз, Чин- 8,9 фоиз, Узбекистон- 7,1 фоиз, Белгия- 5 фоиз, Афғонистон- 4,6 фоиз ва Русия- 4,1 фоизро ташкил медиҳад.
Соли 2021 нисбат ба соли 2020 содироти мол ба кишварҳои Италия 4,9 миллион доллар, Қирғизистон 4,2 миллион доллар коҳиш ёфта, ин нишондиҳанда нисбат ба кишварҳои Қазоқистон ба андозаи 134,4 миллион доллар, Чин 125,2 миллион доллар, Узбекистон 44,3 миллион доллар, Русия 31,5 миллион доллар, Туркия 29,2 миллион доллар ва Афғонистон 13,2 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»









Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






