Имрӯз дар Душанбе Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» доир гардид

Февраль 25, 2022 16:29

ДУШАНБЕ, 25.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ҷаласаи пленарии Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» доир гардид. Дар кори форуми байнипарламентӣ доираи васеи ҳайатҳои парламентӣ, намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ва Русия иштирок намуданд. Дар оғози ҷаласаи пленарӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко бо суханони ифтитоҳӣ баромад карданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Сипас, дар ҳузури раисони палатаҳои болоии парламентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия маросими баимзорасонии Созишномаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Челябински Федератсияи Русия дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва башардӯстӣ баргузор гардид.


Баъдан, кори Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» таҳти раёсати ҳамраисони Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия — муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Николай Журавлев идома ёфт.

Таъкид карда шуд, ки ҳамкории самараноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо ҳам дар асоси муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи узвият дар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ бо маром рушду тавсеа ёфта, марҳилаҳои сифатан нав касб менамоянд ва муколамаҳои пайвастаи сатҳи баланд заминагузори рушду тавсеаи ҳамкории байнидавлатӣ, байнипарламентӣ ва байниҳукуматии Тоҷикистону Русия гардидаанд.

Аз ҷумла, мулоқоту суҳбатҳои доимии роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳо, баргузории форуму конференсияҳои байнипарламентӣ, кори Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, инчунин иштироки намояндагони парламентҳо дар интихоботу раъйпурсиҳо дар рушди робитаҳои байнипарламентӣ нақши созгор дорад. Дар ҷараёни форум ҳамчунин аъзои ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Русия суханронӣ намуда, доир ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни минтақаҳо, вилоятҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистону Русия, рушди муносибатҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират, илму маориф ва тандурустӣ байни ҳам табодули афкор намуданд.

Бо мақсади рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, инчунин ҷиҳати татбиқи амалии қарорҳои Форуми байнипарламентии Тоҷикистон ва Русия иштирокдорони он барои қабули тавсияҳо дар бахши меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамкории байнипарламентӣ, фаъолияти лоиҳавию барномавӣ, ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, рақамикунонии иқтисод, ҳамкорӣ дар масъалаи низомҳои миллии кортҳои пардохтӣ ва инфрасохтори пардохтӣ, истеҳсолоти агросаноатӣ, муҳоҷират, илм, маориф ва фарҳанг ба мувофиқа омаданд.

Дар фарҷом бо назардошти тавсияҳои мизҳои мудаввар ва табодули андешаи иштирокдорон ҳуҷҷати ниҳоии Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» қабул карда шуд.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 25, 2022 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ– ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Ҳамовозӣ ба Соли маърифати экологӣ эълон шудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе
Мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Ба сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ расонида шуданд