ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад
ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе холатҳо борони суст борида, туман мефарояд, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳида баъзан бориши сусти барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 23-28 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 30-35, (дар мавзеи Булункӯл аз 35-37 дараҷа хунук то 40-42 дараҷа хунук) ва рӯзона 7-12 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо баъзан борони суст борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона ҳавои асосан бебориш дар назар аст. Рӯзона дар водиҳо бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан бориши сусти барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, баъзе ноҳияҳо то 11-16 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе шабона ҳавои бебориш дар назар буда, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм ва рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






