Палатаи ҳисоб зимни гузаронидани 247 чорабинии аудиторӣ 282,8 млн сомонӣ зарари молиявӣ муайян намуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 аудиторони Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 247 чорабинии аудиторӣ гузаронида, ба маблағи 282,8 млн сомонӣ зарари молиявӣ муайян намуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ шумораи объектҳои мавриди аудит қарордодашуда 25 адад кам ва зарари молиявии ошкоргардида ба маблағи 30,5 млн сомонӣ зиёд аст. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода баён дошт.
Оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида тадбирҳои мушаххас андешида шуда, зарари молиявӣ ба маблағи 274,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 108,4 млн. сомонӣ, ба корхонаҳо 136,6 млн. сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 29,5 млн. сомонӣ барқарор карда шуд.
Зикр гардид, ки айни замон Палатаи ҳисоб бо технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ пурра таъмин карда шудааст. Гузариш ба иқтисоди рақамӣ, ҷорикунонии низоми бе коғаз ва тадбиқи барномаю консепсияҳои аз ҷониби Ҳукумат тасдиқшуда ва дар ин замина татбиқи Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 аз ин шумуланд.
Ҳамчунин барномаи электронии аудит низ омода шуда, дар серверҳои махсус, ки дар бинои Палатаи ҳисоб ҷойгиранд насб карда шудааст. Айни замон бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии «Амонатбонк» созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба низомҳои электронӣ ба имзо расида, мувофиқакунонии барномаҳо ва маълумот идома дорад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






