Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 25.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Русия – иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ» дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории кишварҳо дар сатҳи олӣ ва муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ карда, ба саҳми шахсии Валентина Матвиенко дар таҳкими маҷмӯи робитаҳои шарикии стратегии ду кишвар баҳои баланд доданд.
Ҷонибҳо зимни баррасии ҳолати ҳамкории кишварҳо оид ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ ва Форуми байнипарлумонии Тоҷикистон-Русия дар густариши муносибатҳои шарикии стратегӣ табодули андеша карданд.
Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия, рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, ҷалби сармояи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус дар сатҳи минтақаҳо, гуфтугӯ сурат гирифт.
Ҳарду ҷониб ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳо дар бахши маориф, рушди забони русӣ, таъмини омӯзгорон барои мактабҳои русӣ, бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва ҷудо кардани бурсияҳои донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони кишвари мо, мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин доир ба авзои зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, афзоиши низоъҳо дар баъзе минтақаҳо, вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, табодули афкор сурат гирифт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






