Соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 2000 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор шуданд

Февраль 2, 2022 11:18

ДУШАНБЕ, 02.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2088 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ, инчунин бо дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ содирнамудаи 1274 нафар шаҳрвандонро ошкор намуданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода маълумот дод.

Дар идома директори Агентӣ зикр намуд, ки аз ин теъдод 885 адад ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомил мебошанд.

«Муфаттишони Агентӣ 860 парвандаи ҷиноятиро бо дарназардошти бақия ба пешбурд қабул намуда, тафтиши пешакии 658 адади онро нисбат ба 881 нафар ба анҷом расониданд», — тазаккур дод С. Султонзода.

Таъкид гардид, ки аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1466 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии дорои хусусияти коррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуд.

Ҳамчунин бино ба иттилои директори Агентӣ, дар натиҷаи санҷишҳо, таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароити ба онҳо мусоидаткунанда ба унвони вазорату идораҳо 2532 пешниҳод ва 1122 дастури хаттӣ ирсол гардида, бо баррасии онҳо нисбат ба 1164 нафар ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуд ва 396 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2022 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад