Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия эътимоднома супорид

Февраль 18, 2022 09:01

ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 феврал дар Қасри Белвю Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Имомудин Сатторов ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер эътимодномаи худро супорид.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросим Сафири Тоҷикистон паёму дуруд ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти федеролии Германия расонид.

Пас аз маросими эътимодномасупорӣ вохӯрии Президенти федеролии Германия бо Сафири навтаъйини Тоҷикистон  доир гардид, ки зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин маҷмӯи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкории дуҷониба ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Франк-Валтер Штайнмаер Сафири Тоҷикистонро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик ва ба ӯ дар пешбурди фаъолияташ барору комёбиҳо таманно кард.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардид.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 14 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати муҷаддадан интихоб гардидан ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба Франк-Валтер Штайнмайер барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

«Мояи қаноатмандист, ки муносибатҳои байнидавлатии кишварҳоямон то имрӯз ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои нави созанда пайдо кардаанд.

Таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунарсаи судманд бо Олмон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад ва мо ба рушди пайвастаи онҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем.

Бо истифода аз фурсат изҳори умед менамоям, ки ба роҳ мондани мулоқоту тамосҳои сатҳи олии ду ҷониб ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани равобити неки кишварҳоямон мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.

Ҷониби Тоҷикистон барои тақвияти ҳарчӣ бештари ин муносибатҳо саъю кӯшиши зарурӣ ба харҷ хоҳад дод.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии комилу дар масири иҷрои вазифаҳои пурмасъулият пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Олмон – сулҳу амонӣ ва пешрафту саодат орзумандам», — омадааст дар барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Февраль 18, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид