Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷалби мутахассисони касбӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад
ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 феврал бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо мутахассисони касбӣ бо хатмкунандагони Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маориф иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ зикр гардид бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Сарраёсати маориф ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони касбӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида, таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо мутахассисони таҳсилоти олидоштаро яке аз вазифаи аввалиндараҷаи фаъолияти хеш медонад.
Тибқи талаботи банди 3-и Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз соли 2017 бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, «таҷрибаомӯзии педагогӣ ба таҳкими донишҳои назариявии азбаркардаи донишҷўён дар раванди таҳсил ва такмили малакаю маҳорати амалӣ дар касби интихобкарда равона гардида, бо мақсади аз ҷониби донишҷўён аз худ кардани касби омӯзгорӣ, нишон додани таҷрибаи пешрафта ва истифодаи он дар корҳои таълимӣ, ҳамзамон дар ниҳоди онҳо тарбия намудани ҳиссу муҳаббат нисбат ба касби омӯзгорӣ баргузор мегардад».
Вобаста ба ин Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷалби мутахассисони касбӣ ба фаъолияти омўзгорӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҳамаи чораҳоро роҳандозӣ менамояд.
Аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар асоси роҳхат соли 2017 106 нафар, соли 2018 98 нафар, соли 2019 63 нафар, соли 2020 80 нафар ва соли 2021 77 нафар, дар маҷмӯъ дар 5 сол аз ҷониби Донишгоҳи мазккур 424 нафар мутахассисони касбӣ барои фаъолият дар муассисаҳои таълимии пойтахт сафарбар намуданд, ки ин ҳамкории хуби муассисаро нишон медиҳад. Дар 5 соли фаъолият ба ҳолати имрӯз ба ягон нафар хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба истиснои омӯзгорони забонҳои фаронсавӣ ва олмонӣ, ки дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ пешбинӣ нашудааст, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷавоби рад пешниҳод накардааст.
Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи касб, дар амал иҷро намудани методи омӯзгорӣ, методикаи таълим, озмоиши сатҳи дониши психологияи синну солии мутахассисони равияи омӯзгории Донишгоҳ Сарраёсати маориф омода аст барои дар заминаи муассисаҳои таълимии типи нав таъсис додани кафедраҳои методикаи таълими Донишгоҳ ҳамкорӣ ба роҳ монад.
Имсол барои ҷалб кардани мутахассисони ҷавон, хатмкунандагони хоҳишманди гурӯҳҳои шартномавии равияи омӯзгории ихтисосҳои технологияи иттилоотӣ, физика, таълими меҳнат, математика, биология, химия, таърих ва ҳуқуқ, забонҳои англисии Донишгоҳи омӯзгорӣ, ки бо роҳхат ҳозир мешаванд, аз ҷониби Сарраёсат пурра ба ҷои кор таъмин мегарданд.
АКСҲО: Сарраёсати маорифи ш. Душанбе








Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид






