Шералӣ Кабир ва Шенни Кэмпбел рушди иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои дорои аҳамияти стратегӣ барои рушди иқтисоди Тоҷикистон зимни мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва намояндаи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл баррасӣ шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорати мазкур хабар доданд.
Шералӣ Кабир зикр намуд, ки Тоҷикистон барои рушди саноат ва фанновариҳои нав дар бахшҳое, назири пахтакорӣ, истихроҷи маъдан, саноати хӯрокворӣ ва сабук зарфияти кофӣ дорад. Ӯ суръати афзоиши саноати кишварро зикр намуда, изҳор дошт, ки аллакай ҳоло метавон тасдиқ кард, ки ҳамаи нақшаҳо комилан иҷрошавандаанд.
Вазир таъкид намуд, ки муҳимтарин захираи Тоҷикистон мардуми он аст. Шералӣ Кабир бо истинод ба маълумоти оморӣ ба меҳмон иттилоъ дод, ки қариб 70%-и аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Бо назардошти ин, пешниҳод шудааст, ки барои таҳияи фанҳои мубрам, аз қабили “Технологияҳои иттилоотӣ” ва “Зеҳни сунъӣ” бо истифода аз усулҳои муосири таълим ва таҷҳизоти технологӣ курсҳои омодагӣ ташкил карда шаванд.
Дар заминаи пешниҳоди худ вазир аз сафари кориаш ба Ҷумҳурии Туркия мисол оварда, зикр намуд, ки дар мактабҳои махсус бо истифода аз технологияҳои нав дар муддати кӯтоҳ ихтисосҳои гуногуни сохтмонӣ, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалиянд, таълим дода мешаванд. Таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя дар бунёди марказ ва паркҳои технологӣ низ баррасӣ гардид.
Зикр карда шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намуда, роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки иҷрои муҳимтарин вазифаҳои стратегиро таъмин намояд.
Қарор қабул шуд, ки бо мақсади омода намудани харитаи роҳ барои татбиқи лоиҳаҳои ояндадор ва судманд гурӯҳи кории муштараки Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон таъсис дода шавад.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ








Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд






