«ШОҲКОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин ном нашриёти «Эр-граф» китоб ба нашр расонид
ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Шоҳкориҳои Пешвои миллат» — чунин ном дорад китоби тозанашри Иброҳим Пирназарзода, ки онро нашриёти «Эр-граф» бо теъдоди 400 нусха ба забони тоҷикӣ чоп намудааст.
Китоби «Шоҳкориҳои Пешвои миллат» таҳти назари номзади илмҳои сиёсӣ Асадулло Раҳмон мунташир гардидааст.
Китоб ба хотири муаррифии аз ҳазор сӣ корномаи Пешвои миллат дар зарфи сӣ соли истиқлоли давлатӣ руи чоп омадааст.
Муаллиф саъй намудааст, ки муҳтавои якчанд шоҳкориҳои Пешвои миллатро дар шакли ихчаму сода пешкаши хонанда намояд.
Дар зарфи 30 сол шахсияти таърихии Пешвои муаззами миллат такмили амиқи сиёсӣ ёфт, ҳамчун чеҳраи нотакрори сулҳовар дар ҷаҳони муосир дурахшид ва ташаббусу пешниҳодҳои созандаашон, ки онҳоро шоҳкорӣ меноманд, барои халқи тоҷик, арсаи байналмилалӣ ва таърихи навини он заминаи устувори давлатдорӣ гардиданд.
Пешвои миллат ҳанӯз аз замони оғози марҳилаи фаъолияти худ ба мактаби бузурги давлатсозии миллати тоҷик такя намуда, беҳтарин намунаҳои онро мавриди корбаст қарор додаанд.
Умед аст, ки насли ояндасози миллат низ аз мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гардида, дар оянда ин ганҷинаи раҳнаморо тақвият дода, нақшаҳои созандаи ин шахсияти таърихиро, ки дурнамои садсолаҳоро дар назар доранд, ба хотири таъмини зиндагии шоистаи ояндагон идома мебахшанд.
Китоби «Шоҳкориҳои Пешвои миллат аз сарсухан ва ва сӣ шоҳкорӣ- «Наҷоти давлатдории миллии тоҷикон», «Ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон», «Таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барқарор намудани низом ва аркони давлатдорӣ», «Таъсис ва таҳкими иқтидори ҳарбии артиши миллии Тоҷикистон», «Ташаккули давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори миллӣ», «Барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони навин», «Баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба ватан», «Рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон», «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат- бунёдгузори Тоҷикистони навин», «Наҷоти кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ», «Дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикӣ дар Тоҷикистон», «Идомаи бунёди Роғун- ҳамчун корзори воқеии нангу номус ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон», «Аз бунбасти коммуникатсонӣ раҳо намудани Тоҷикистон», «Талошҳо барои дастёбӣ ба истиқлолияти озуқаворӣ», «Тарҳрезии рушди босуръати саноат-ҳадафи чоруми миллӣ», «Ташаккул ва татбиқи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ба сатҳи талаботи ҷаҳони муосир мутобиқсозии соҳаи маориф», «Ба роҳ мондани низоми таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар замони истиқлол», «Эҳёи миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ», «Эҳёи фарҳанги миллӣ», «Эҳёи ҷашни Наврӯз ва мақоми байналмилалӣ гирифтани он», «Эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ дар замони истиқлол», «Ҳифзи забон ва асолати он дар замони истиқлол», «Таҷдид ва посдории мероси гаронбаҳои Саразми бостонӣ», «Фазилатҳои Пешвои миллат дар дастгирии ашхоси ниёзманд», «Поягузории дипломатия ва сиёсати хориҷӣ», «Бунёдгузории дипломатияи об дар ҷаҳони муосир», «Таъмини ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ» ва «Ташаккули ҳизби ормонҳои миллӣ» иборат мебошад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






