Соли 2021 рушди иқтисоди Тоҷикистон 9,2 фоизро ташкил дод, ки нишондиҳандаи баландтарин дар 17 соли охир аст

Февраль 2, 2022 10:20

ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ 98,9 млрд сомонӣ ва рушди воқеии он 9,2 фоизро ташкил дод, ки нишондиҳандаи баландтарин дар 17 соли охир ба ҳисоб рафта,  созмонҳои  байналмилалии молиявӣ низ рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2021 нишондиҳандаи баландтарин дар минтақа арзёбӣ намуданд,- гуфт Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода 2 феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.

Ба гуфтаи Завқӣ Завқизода, рушди ММД асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи  22 фоиз, кишоварзӣ 6,6 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 23,3 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 13 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 39,5 фоиз ва дигар бахшҳо  ба даст омадааст.  Ба андешаи масъулин, нисбат ба соли 2020 рушди соҳаҳои иқтисод ба маротиб беҳтар гардидааст, зеро бо таваҷҷуҳ ба пандемияи Ковид-19 соли 2020 аксар соҳаҳои иқтисоди миллӣ рушди худро як андоза аз даст дода буданд.

Соли 2021  истеҳсоли меваҷот 26 ҳазор тонна ё 5,5 фоиз, истеҳсоли пахта 25,1 ҳазор тонна ё 1,8 фоиз коҳиш ёфтааст.

Истеҳсоли гӯшти паранда 44%, тухм 7,2 фоиз, истеҳсоли моҳӣ 23,2 фоиз нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфтааст.

Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 39,5 фоиз ё 1 миллиарду 801,3 млн доллар афзоиш ёфта, дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи содирот то 34 фоиз баланд ва  воридот 66 фоиз паст гардидааст.

Ба андешаи Вазири рушди иқтисод ва савдо, содироти мол 2 миллиарду 149,6 млн долларро ташкил намуд, ки нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Он  нисбат ба соли 2020 ба андозаи 52,8 фоиз ё 742,7 млн доллар афзоиш ёфтааст, воридоти мол нисбат ба соли 2020 ба андозаи  33,6 фоиз зиёд гардидааст.

Ба иттилои вазир, вазни хоси содиротии кишвар асосан аз ҳисоби фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо 41,7 фоиз, маъдану консентратҳо 16 фоиз, нахи пахта 9,4 фоиз, алюминийи аввалия 6,3 фоиз, қувваи барқ 4,5 фоиз, дигар металлҳои нимқиматбаҳо 4,1 фоиз, семент 2,1 фоиз, меваю сабзавот 1,7 фоиз ва дигар маҳсулот ташаккул ёфтааст.

                                              АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2022 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид
Масоили соҳаи роҳсозӣ ва роҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ дар Конфронси панҷуми байналмилалии CARS-2026 дар Душанбе баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши андозии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
«Shohin Airlines» як ҳавопаймои навъи L-410-ро вориди парки ҳавопаймоҳояш намуд
Дар Брест ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ баргузор гардид
Форуми «CAPIF-5» дар Душанбе ба таҳкими пайвастагии рақамӣ ва рушди ҳамкории интернетии Осиёи Марказӣ бахшида шуд
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Лорд Ҷон Алдердайс самтҳои афзалиятноки соҳаҳои идоракунии молияи давлатӣ ва рақамикунониро баррасӣ намуданд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид