ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 феврал, шанбе, 36-умин рӯзи соли 2022 аст

Февраль 5, 2022 08:00

5 феврали соли 2015 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи модари ҷавон Гулшан Маҷнунова, ки чоргоник таваллуд кард, хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо карда шуд.

***

7 сол пеш, 5 феврали соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фоҷиаи қатли ҳавонавард Муоз ал-Касосиба аз ҷониби гурӯҳи ифротиву террористии «Давлати исломӣ» (мамнӯъ дар Тоҷикистон)  ба Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн- Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад: «Бо изҳори тасаллият ба Шумо нисбат ба ин талафот таъкид бар он медорем, ки чунин амали нафратангези ғайриисломиву ғайриинсонӣ азму иродаи моро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар роҳи решакан намудани ин вабои палид, ки таҳдиде ба амнияту суботи минтақа ва тамоми ҷаҳон гаштааст, беш аз пеш афзун менамояд».

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Давҳа мулоқоти Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи сармоягузорию молиявии Давлати Қатар баргузор шуд.

 5 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии интернети бехатар.

***

 Дар Мексика – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

5 феврали соли 2013 Вазири вақти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии вақти Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив лоиҳаи дуюм «Оид ба таъмини  созмонҳои шуғли ҷамъиятӣ дар ҳадафҳои идоракунии устувори хоҷагии қишлоқ ва захираҳои обӣ дар Тоҷикистон» — ро ба имзо расониданд.

***

8 сол пеш, 5 феврали соли 2014 дар шаҳри Исфара гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаҳои сарҳадиро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаҳои иқтисодӣ – тиҷоратӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ муҳокима карда шуданд.

***

5 феврали соли 1850 дар ИМА арифмометр  ихтироъ карда шуд.

***

5 феврали соли 1991 пойтахти Қирғизистон аз Фрунзе ба Бишкек тағйири ном кард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 1919  дар Германия миёни шаҳрҳои Берлин ва  Веймар аввалин хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ гардид.

***

Соли 1952 дар яке аз кӯчаҳои Ню-Йорк аввалин маротиба дар таърих дар гузаргоҳ чароғаки роҳ насб карда шуд.

Февраль 5, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш