ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, сешанбе, 39-умин рӯзи соли 2022 аст

Февраль 8, 2022 08:00

8 феврали соли 2010 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз ҷумла, дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва сайёҳӣ баррасӣ шуд.

***

8 сол пеш, 8 феврали соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи Бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия иштирок намуданд. Дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми зиёда аз 80 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2016 барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ карда шуд.

8 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи илм дар Федератсияи  Русия.

 РӮЙДОДҲО:

8 феврали соли 2009 Президенти вақти Афғонистон  Ҳомид Карзай пайравони ҳаракати «Толибон»-ро ба сулҳ даъват намуд. Ӯ ба ҳамаи «Толибон» пешниҳод намуд, ки нафарони ба «Ал-Қоида» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ҳамкорӣ надошта ба хонаҳояшон баргарданд ва «зиндагии хуб» гузаронанд.

***

8 феврали соли 2011 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров узви Шӯрои Иттиҳодияи парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ интихоб гардид.

***

11 сол пеш, 8 феврали соли 2011 дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет  сомонаи нав — www.mahmudnoma.tj  — дар бораи асосгузори театри касбии тоҷик Ҳомид Маҳмудов кушода шуд.

***

8 феврали соли 2013 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Русия созишнома ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 1919 миёни Париж ва Лондон хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ гардид.

***

8 феврали соли 1931 маросими ботантанаи ифтитоҳи пойтахти нави Ҳиндустон – Ню-Деҳлӣ баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1919 духтури чикагоӣ Ҷеймс Херрик аввалин маротиба дар  таърихи олам кардиограммаи нуқси дилро нашр намуд.

Февраль 8, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст