ТАСС: Тиҷорат миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2021 аз сатҳи қабл аз пандемия гузашт
ДУШАНБЕ, 25.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2021 беш аз 45 дарсад афзоиш ёфта, аз сатҳи пеш аз пандемия гузашт. Дар ин бора Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко изҳор дошт, хабар медиҳад ТАСС.
«Дар соли сипаригардида гардиши мол миёни кишварҳои мо беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, афзоиши он ба зиёда аз 45 фоиз расид. Ин ба мо имкон дод, ки на танҳо ба нишондиҳандаҳои пеш аз пандемия баргардем, балки ба натиҷаҳои аз он ҳам баландтар ноил шавем»,- гуфт Раиси Шӯрои Федератсия зимни суханронӣ дар Форуми VII байнипарлумонии «Тоҷикистон – Русия: иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ».
Ӯ афзуд, ки Русия то ҳол шарики асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. «Аксарияти кулли минтақаҳои Русия бо Тоҷикистон ба тиҷорати хориҷӣ машғуланд, садҳо корхонаҳои муштарак фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки бо вуҷуди ин дар ҳамкории байниминтақавӣ иқтидори бузурги истифоданашуда ва кашфношуда низ вуҷуд доранд. Таваҷҷуҳи афзояндаи субъектҳои Федератсияи Русия ба густариши ҳамкорӣ бо минтақаҳои Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост», — тазаккур дод Раиси Шӯрои Федератсияи Русия.
Валентина Матвиенко ба роҳбарони минтақаҳои ширкаткунандаи ҳамоиши байниминтақавӣ изҳори сипос намуда, хостори он гардид, ки назорат аз болои иҷрои созишномаҳои дуҷониба бо минтақаҳои Тоҷикистон пурзӯр карда шавад, «то ки онҳо танҳо асноди расмӣ набошанд, балки бо мазмуни мушаххас ҳам дар самти ҳамкории иқтисодӣ ва ҳам дар самти фарҳангию гуманитарӣ пур карда шаванд».
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд






