Тоҷикистон соли 2021 содироти меваи хушкро 2,2 баробар афзоиш дод
ДУШАНБЕ, 25.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 Тоҷикистон 41 397 тонна меваи хушкро ба маблағи 15 миллиону 553 ҳазор доллар содирот кард. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сармутахассиси Раёсати саноати хӯроквории Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Парвиз Раҳимов иттилоъ дод.
Дар ҷумҳурӣ дар баробари хочагиҳои деҳқонӣ 24 корхонаи дигар меваи хушк истеҳсол мекунанд. «Аз шумораи умумии корхонаҳо 5-тоаш дар вилояти Хатлон ва боқимонда дар вилояти Суғд ҷойгиранд. Соли 2021 ин корхонаҳо 6700 тонна меваи хушк истеҳсол намуданд. Дар Тоҷикистон сол аз сол истеҳсоли меваи хушк ва консерва зиёд мешавад, ки ин имкон медиҳад содироти меваи хушк ба кишварҳои ҳамсоя афзоиш ёбад. Соли 2021 содироти меваи хушк нисбат ба соли 2020 2,2 маротиба зиёд шуд. Соли сипаригардида нисбат ба соли 2020 ба андозаи 24 ҳазору 363 тонна ва 8 миллиону 652 ҳазор доллар зиёдтар меваи хушк содирот гардад», — афзуд манбаъ.
Тавре Парвиз Раҳимов зикр намуд, меваи хушк асосан ба Федератсияи Русия, Қазоқистон ва Шарқи Дур содирот мешавад. Ба хориҷа асосан зардолуи хушк, анҷир, тут, мавиз, шафтолу ва олу содирот карда мешавад. Писта ва бодом ба миқдори кам содирот мегардад.
Ёдовар мешавем, ки гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон соли 2021 нисбат ба соли 2020 қариб 40 дарсад афзоиш ёфта, ба 6,4 миллиард доллар расид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода иттилоъ дод.
Директори агентӣ иброз намуд, ки содирот дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 33,8 фоиз, воридот 66,2 фоизро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи вай, аз кишвар ба маблағи 2 миллиарду 150 миллион доллар маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2020 52,8 дарсад бештар аст.
Зимнан зикр гардид, ки барои баланд бардоштани малакаи соҳибкорон ҳангоми таҳияи нақшаҳои содироти маҳсулот ва ворид шудан ба сатҳи савдои байналмилалӣ масъалаи ташкили мактаби содирот бояд баррасӣ шавад.
Лайло ТОИРӢ
АКСҲО: АМИТ «Ховар»









Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






