Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар самти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чор санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Февраль 18, 2022 09:15

ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар самти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  чор санади ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санадҳо дар доираи сафари гурӯҳи кории Тоҷикистон  ба Ҷумҳурии Узбекистон аз ҷониби муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонзода ва муовини якуми Вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон Эркин Муҳиддинов ба имзо расонида шуданд.

Инҳо Ёддошти тафоҳум миёни Агентии муҳоҷирати меҳнатии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Эъломияи ҳусни ният оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои назорати давлатии меҳнат, Эъломияи ҳусни ният оид ба масъалаҳои рақамикунонии муносибатҳои меҳнатӣ ва идоракунии лоиҳаҳо дар самти меҳнат миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази идоракунии лоиҳаҳо дар самти меҳнати назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон, Эъломияи ҳусни ният оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои таҳсилоти касбӣ мебошанд

Санадҳои баимзорасида барои густариши ҳамкории судманди дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ёдовар мешавем, ки аз 14 то 18 феврал гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуғаффор Раҳмонзода ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд.

Мақсади сафар омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар самти рақамикунонии хизматрасониҳо барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ тибқи талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар, ҳамчунин табодули таҷриба дар расонидани кумаки амалӣ ҷиҳати бо кор таъмин кардани хатмкунандагони курсҳои омӯзишӣ мебошад.

 

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии ҶТ

Февраль 18, 2022 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид