Валентина Матвиенко: Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад

Февраль 25, 2022 13:25

ДУШАНБЕ, 25.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар ин бора Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко зимни суханронӣ дар Форуми VII байнипарлумонии «Тоҷикистон-Русия: иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ» изҳори назар намуд, менависад имрӯз рӯзномаи ҳукуматии «Российская газета».

«Ба фаъолияти савдои хориҷӣ бо Тоҷикистон аксарияти минтақаҳои Русия ҷалб гардидаанд. Садҳо корхонаҳои муштарак фаъолият мекунанд», — гуфт ӯ.

Дар баробари ин, ба гуфтаи Валентина Матвиенко, таваҷҷуҳи минтақаҳои Русия ба густариши ҳамкорӣ дар ин самт афзоиш меёбад. Ӯ даъват намуд, ки назорати иҷрои қарордодҳои дуҷониба бо манотиқи Тоҷикистон пурзӯр карда шавад.

Ба ин тартиб, ба гуфтаи Валентина Матвиенко, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ – интиқоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза аз Тоҷикистон ва таҷҳизоти кишоварзӣ аз Русия ояндадор аст.

Ҳамчунин Раиси Шӯрои Федератсия ба сатҳи баланди тақвияти забони русӣ ва фарҳанги русӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар ҷумҳурӣ филиалҳои донишгоҳҳои машҳури Русия кушода шуда, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон фаъолият мекунад ва лоиҳаи «Муаллими рус дар хориҷа» амалӣ мегардад.

Ба андешаи ӯ, робитаҳо дар соҳаи маориф имкон медиҳанд, ки аз ҷумла, барои ҳалли масъалаҳои ҳассоси муҳоҷирати меҳнатӣ захира ташкил карда шавад.

«Мо хоҳони онем, ки кормандони тоҷик бо риояи тамоми меъёрҳо ва талаботи қонунгузории Русия қонунӣ кор кунанд ва ҳуқуқҳои онҳо то ҳадди имкон ҳифз карда шаванд», — изҳор дошт ӯ.

Валентина Матвиенко корҳои васеъмиқёси таҷдиди низоми ҳуқуқии будубоши муваққатӣ ва иқомати доимии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русияро зикр намуд.

«Дар оянда тартиби ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кор ислоҳ карда шуда, барои коргарони хориҷӣ хидматҳои нави мувофиқ ва бехатари рақамӣ пайдо мешаванд. Ҳамчунин ташкили марказҳои омӯзишӣ барои муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистон, омӯзиши забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Русия метавонад қадами муҳим гардад», — гуфт Валентина Матвиенко.

Раиси Шӯрои Федератсия аз вакилони парлумон даъват кард, ки тамоми ҷанбаҳои муҳоҷират, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи онҳоеро, ки барои кор ба Русия меоянд, дар сатҳи қонунгузорӣ таҳия кунанд.

 

АКС аз сомонаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеративии ФР

Февраль 25, 2022 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид