Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Февраль 2, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ  31 январ суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои ду кишвар ва масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо аҳамияти тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангиву гардишгарӣ, ҳамкории байнипарлумониро таъкид карданд.

Ҷонибҳо роҷеъ ба Иҷлосияи 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар таърихи 22-23 марти соли 2022 дар Исломобод баргузор мегардад, табодули назар карданд.

Ҳамзамон вазирони корҳои хориҷӣ зимни суҳбат нақшаю чорабиниҳоро роҷеъ ба 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар, ки 6 июни соли 2022 ҷашн гирифта мешавад, зикр карданд.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) ва Ҷумҳурии Исломии Покистон (ҶИП) 6 июни соли 1992 барқарор шуданд. Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон аз ибтидои соли 1991 шурӯъ мешавад.

Соли 1993 ҶИП дар ҶТ Сафорати худро боз намуд ва фаъолияти он аз ибтидои соли 1994 шурӯъ гардид.

Ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо кӯшишҳои тарафайн бемайлон рушд меёбанд.

2 июни соли 2021 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон баргузор гардид, ки зимни он 12 санади ҳамкорӣ имзо гардид.

31 марти соли 2021 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба миёни Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар таърихи 29-31 марти соли 2021 дар Душанбе қарор дошт, баргузор гардид.

Миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият дорад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. 2 июли соли 2019 ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ дар Душанбе баргузор гардид.

Ҳамзамон ройзаниҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон хеле феъол мебошанд.

АКС аз бойгонии ВКХ ҶТ

Февраль 2, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид