ВКХ: Сафорати Тоҷикистон дар Украина рӯйхати шаҳрвандонеро, ки хоҳиши бозгашт ба Ватанро доранд, тартиб медиҳад

Февраль 28, 2022 16:32

ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди Украина 4 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ мемонанд, ки 101 нафар аз онҳо донишҷӯ мебошанд. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар иттилоия гуфта мешавад, ки бинобар ҳодисаҳои кунунӣ дар Украина, аз ҷумла ҷорӣ гардидани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми қаламрави кишвар ва баста шудани ҳарими ҳавоӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ маълумоти зеринро ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад.

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Украина раванди тартиб додани рӯйхати шаҳрвандоне, ки хоҳиши бозгашт ба Ватанро доранд, ба роҳ монда шудааст.

Ба ҳолати 09:00 рӯзи 28 феврали 2022 теъдоди чунин шаҳрвандон зиёда аз 200 нафарро ташкил дод, ки аз он 76 нафар шаҳрвандон ба Лаҳистон ва 45 нафар шаҳрвандон ба Молдова мустақилона сафар намуданд.

Телефони тамоси Сафорат дар Киев шабонарӯзӣ бо рақами +380933361040 фаъолият мекунад, ки тариқи он дипломатҳои тоҷик доир ба масъалаи бозгашти шаҳрвандон тариқи кишварҳои сеюм мусоидати фаврии консулӣ мерасонанд.

Айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз Украина ба Лаҳистон, Руминия ва Молдова бидуни барасмиятдарории раводид ба муҳлати маҳдуд, то 14 рӯз сафар намоянд. Дар баробари ин, шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва дигар ҳуҷатҳои дахлдор дошта бошанд.

Дар сарҳади Украина-Лаҳистон 8 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ — “Шегини”, “Рава-Русская”, “Ягодин”, “Устилуг”, “Краковетс”, “Угринов”, “Смолнитса” ва “Грушев” амал мекунад.

Дар сарҳади Украина-Молдова 7 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, аз қабили “Паланка-Маяки”, “Ҷурҷулешти-Рени”, “Вулканешти-Виноградовка”, “Мирное-Табаки”, “Чадир Лунга-Новие Торяни”, “Бессарабка-Серпневое” ва “Тудора-Староказаче” фаъол мебошад.

Дар сарҳади Украина-Руминия 10 нақтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, аз ҷумла “Ҷурҷулешти-Galati”, “Кагул-Oancea”, “Леушени-Албитса”, “Скулен-Яси”, “Костешти-Stinca”, “Крива-Мамалига”, “Ларга-Келменси”, “Бричани-Росошани”, “Окниса-Сокиряна” ва “Атаки-Могилёв-Подолский” амал мекунад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, januvia-sitagliptin.net дар ҳудуди Лаҳистон, Руминия ва Молдова қарор доранд, дар ҳолати зарурӣ метавонанд бо шахсони масъули намояндагиҳои дипломатии зерин дар тамос бошанд:

— Сафорати Тоҷикистон дар Молдова (бо қароргоҳ дар Киев) хатти алоқаи доимии рақами +380933361040;

— Сафорати Тоҷикистон дар Лаҳистон (бо қароргоҳ дар Берлин) хатти алоқаи доимии рақами +4915238204875, WhatsApp +992988613755;

— Сафорати Тоҷикистон дар Руминия (бо қароргоҳ дар Вена) хатти алоқаи доимии рақами +436604806878 WhatsApp.

Аз шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Украина қарор доранд, хоҳиш карда мешавад, то дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ҳолати ҳарбиро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Февраль 28, 2022 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд
Нахустин Саммити сарони давлатҳои Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор мешавад
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея густариши ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҳамкории Тоҷикистон бо ITFC ва ICD баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Масъалаи тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо дар Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ESCAP ва UNECE баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Императори Ҷопон эътимоднома супорид
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон задухӯрди мусаллаҳонаро дар Умон қотеона маҳкум кард
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар самти бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси дипломатҳои ҷавон баррасӣ гардид
Дар Риёз мулоқоти сафирони Тоҷикистон ва Чин дар Арабистони Саудӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар маросими кушодашавии XXXIII Фестивали байналмилалии санъат «Славянский базар» иштирок намуд