«Забони модарӣ: марҳилаҳои ташаккул ва рушди он». Таҳти чунин унвон дар Маркази миллии қонунгузорӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 феврал дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 тасдиқ гардидааст, бахшида ба Рӯзи байналмилалии забонҳои модарӣ дар мавзӯи «Забони модарӣ: марҳилаҳои ташаккул ва рушди он» ҳамоиш доир гардид, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, роҳбарият ва кормандони марказ иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш мавқеъ ва нақши забони модарӣ-тоҷикӣ дар пойдории давлатдории миллӣ ва таҳкими раванди фаъолияти мақомоти давлатӣ муҳим ва аввалиндараҷа ҳисобида шуд.
Зикр карда шуд, ки махсусан дар замони Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон рушд намуда, мавқеи забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ мустаҳкам гардид.
Иштирокчиёни ҳамоиш доир ба самтҳои гуногуни мавқеъ ва нақши забони тоҷикӣ маърӯза карданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 21 феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон эълон гардид.
АКС: ММҚ








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






