Ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии нафту техникаи Уфа толор кушода шуд

Март 7, 2022 19:15

ДУШАНБЕ, 07.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 март Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар доираи Конфронси байналмилалӣ дар маросими ифтитоҳи толори Тоҷикистон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии нафту техникаи Уфа (ДДНТУ) ширкат варзид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, конфронс бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.

Роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати ин рӯйдоди фархунда табрик намуда, ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва худтакмилдиҳии ҷавонон махсусан таъкид кард.


Ҳамзамон ба роҳбарияти Бошқирдистон, ДДНТУ ва диспораи тоҷикон дар минтақаи Федералии Приволж, ки саҳми худро дар таъсиси толори Тоҷикистон гузоштаанд, миннатдорӣ баён карда шуд.

Кошинкории рангоранги сақф, навиштаҷоти мавзӯӣ ва таҷҳизоти муосири толори таълимӣ ба хар як донишҷӯ имкони шиносоӣ бо анъана ва таърихи пурғановати Тоҷикистонро фароҳам меорад.


Иштирокдорони конфронс рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русияро дар давоми 30 сол мусбат арзёбӣ намуда, қавӣ гаштани робитаҳои таърихӣ миёни ду давлатро зикр карданд.


Д. Гулмаҳмадзода аз дастовардҳои муҳимтарини кишвар ёдовар шуда, афзуд, ки истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик воқеаи сарнавиштсоз буда, он дар бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ, инчунин эҳёи анъанаҳои миллӣ ва асосҳои давлатдорӣ нақши ногузирро дорад.

Баъд аз анҷоми конфронс, бо донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид, ки зимни он Д. Гулмаҳмадзода дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон маълумот дода, нақши муҳими ҷавононро дар рушди минбаъдаи кишвар махсусан таъкид кард. Илова бар ин, зарурати таҳкими робитаҳо миёни донишҷӯёни дур аз Ватан, муттаҳидшавии онҳо, инчунин иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон зикр карда шуд.

АКС: Сафорати ҶТ дар ФР

Март 7, 2022 19:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» дар Вена иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Пешвои миллат нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд
Дар шаҳри Уфа 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод дар САҲА муррафӣ гардид
Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд