Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 муаррифӣ шуд

Март 10, 2022 15:32

ДУШАНБЕ, 10.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар робита ба тасдиқ гардидани “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026” бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон.

Дар ҳамоиш мазмун ва муҳтавои барномаи мазкур муаррифӣ гардида, иштирокчиён ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар раванди татбиқи барнома мулоҳизаронӣ намуданд.

Ҳамчунин дар фарҷоми ҳамоиш ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ, ки аз ҳисоби намояндагони мақомоту идораҳои дахлдор ҷиҳати ҳамоҳангии татбиқи «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026” дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шудааст, баргузор гардид.

Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба амалисозии самараноки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он мусоидат менамояд.

Бо мақсади иҷрои самараноки ин вазифаҳо дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ ва бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026» таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021 қабул гардид.

«Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026» бо дарназардошти марҳилаи чоруми Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2024 такмил дода шуда, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таҳия шудааст.

Барнома низоми таълимро дар марҳилаи нави рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода, ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, тақвият додани донишҳои касбии кормандони соҳаи маориф, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар соҳаи ҳуқуқи инсон мутобиқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ равона шудааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон дорад, ки амалисозии барнома ба боз ҳам баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мусоидат менамояд.

 

АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Март 10, 2022 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд