Дар Душанбе оид ба тартиби бақайдгирӣ ба Феҳристи давлатии содироткунандагон ҷаласаи корӣ доир гардид

Март 10, 2022 16:09

ДУШАНБЕ, 10.03.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Душанбе оид ба тартиби бақайдгирии шахсони содироткунанда ба Феҳристи давлатии содироткунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, бахши хусусӣ, шарикони рушд ҷаласаи корӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа директори Агентӣ Шавкат Бобозода зикр намуд, ки айни замон Агентии содирот бо мақсади мукаммалгардонии низоми миллии дастгирии содирот бо вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ҳамкорӣ дорад. Ҳамзамон ҷиҳати муайян намудани дурнамои иқтидорҳои содиротӣ Агентии содирот якҷо бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Феҳристи давлатии содироткунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.

«Мақсад аз таҳияи ҳуҷҷати зикргардида- ин дуруст ва дақиқ муайян кардани дурнамои иқтидорҳои содиротии мамлакат ва нишондиҳандаҳои иқтисодии рушди амалиёти содиротӣ мебошад.  Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба Феҳристи давлатии содиркунандагон дохил карда мешаванд, аз имтиёзҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» пешбинишуда ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки истифода баранд»,- афзуд Шавкат Бобозода.

Дар ҷаласа тартиби бақайдгирии шахсони содироткунанда ба Феҳристи давлатии содироткунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, аз ҷониби иштирокдорон пешниҳодҳо оид ба феҳристи мазкур ироа гардид, ки мавриди муҳокима қарор дода шуд.

 

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ

Март 10, 2022 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд