Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи Аҷам дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад

Март 20, 2022 11:09

ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи хуҷаста ҳаво дар  Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои водигӣ боридани борони кӯтоҳмудат дар назар аст.  Дар ин рӯзҳо инчунин ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

20-21 март дар бештари минтақаҳои мамлакат ҳавои тағийрёбандаи бебориш дар назар буда, 22 март дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон дар назар аст. 23 март дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд.

20-21 март ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5+6 ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз қисман абрнок ва тағйирёбанда мешавад. 21 март ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

21 март дар вилояти Суғд  ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. 21 март  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.

Дар ин рӯзҳо ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. 21 март ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа гарм то 4 дараҷа гарм мешавад.

Ба таъбири кишоварзон, «соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост». Яъне баҳоре, ки бо файзи борон оғоз мешавад, дар он неъмат зиёд аст.

Воқеан, яке аз ҳикматҳои Наврўз ин аст, ки дар ин фасл борони найсон меборад. Он аз боронҳои дигар бо суду баракаташ фарқ мекунад. Абрҳои осмон ҳам гӯё Наврӯзро истиқбол намуда, гоҳ ҷамъу гоҳ парешон сайру гашти идона менамоянд. Гунҷишкакон пару бол афшонда, дар фазои бекарон села-села пар мезананд. Абрҳои озар аз хурсандӣ бо тири борон гунҷишкаконро нишон мегиранд.

Дар само роиҳаи мушки Хутан.
Муждае аз қадами Наврӯз аст.

Гиряи абру тулӯи хуршед.
Ҳадяи молики пандомӯз аст.

Абр мегиряду гул менозад.
Абр мегиряду гул механдад.

Гиряе ҳаст, ки ӯ зинда шавад.
Гармие ҳаст, ки зебанда шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 20, 2022 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд