Дар Тоҷикистон бориши барфу борон сабаби фаромадани тарма ва зери об мондани заминҳои кишоварзӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон фаромадани тарма, сел ва сангрезӣ ба амал омад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Бар асари бориши шадид сатҳи оби сел дар Аштсой ва Пунуксойи ноҳияи Ашти вилояти Суғд баланд шуд. Дар натиҷаи омадани сел канали Фарғона, ки аз мавзеи Косагул, маҳаллаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Ориён мегузарад, аз об пур шуда, сабаби зери об мондани 18 ҳавлӣ ва ду бинои истиқоматӣ гардид.
«Илова бар ин, ҳавлии бинои муассисаи таҳсилоти миёна ва қариб 70 гектар замини кишоварзӣ зери об мондаанд. Талафоти ҷонӣ нест. Дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия фаъолият дошта, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.
Бар асари бориши шадид сатҳи оби рӯдхонаи Ёхсу, ки аз ҳудуди деҳаи Гултеппаи Ҷамоати деҳоти ба номи Х.Раҷабови ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мегузарад, низ баланд гардид.
Ҳамчунин бориши барфу борон боиси фаромадани тарма дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ гардид. Дар ҳудуди деҳаи Дараи Нӯшори Ҷамоати деҳоти Нӯшори ноҳияи Тоҷикобод ду тарма фаромад. Бар асари фаромадани тармаҳо хатҳои оби ошомиданӣ ва каналҳои обёрии Ҷамоати деҳоти Нӯшору Зарафшон қисман хароб шудаанд. Дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия кор мекунад. Талафот нест.
Бар асари бориши зиёд дар шоҳроҳҳои Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Рошқалъа, Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ ва Ванҷ-Рӯшон-Хоруғ шаш тарма ва як сангрезӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи офати табиӣ талафот ва хисорот ба амал наомадааст.
Таҳдиди болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо боқӣ монда, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ омадани сел, фаромадани тарма, фаромадани ярч ва сангрезиҳо имконпазир аст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ то ҳадди имкон эҳтиёткор бошанд, аз сайру гашт дар минтақаҳои хатарнок, анҷом додани корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии гиёху занбӯруғ, чаронидани чорво, шикор ва моҳидорӣ дар кӯҳистон худдорӣ намоянд.
АКС: КҲФ ва МГ








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






